Поси хотири шаҳидони набард дар Хуҷанд
Хуҷанд, 08.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Субҳи имрӯз дар маркази Суғд -шаҳри Хуҷанд дар назди ёдгории шаҳидони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бахшида ба 70- умин солгарди Ғалабаи халқи шӯравӣ ба фашизм танатанаи пуршукӯҳ баргузор гардид. Дар ҳамоиши идона иштирокчиёни ин набард ва меҳнаткашони ақибгоҳ, собиқадорони меҳнат бо шумораи наздик ба 200 нафар, инчунин иштирокчиёни ҷангҳои байналмилалӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ дар шаҳри Хуҷанд, сарбозону афсарони гарнизони ҳарбии Суғд, сокинони маркази вилоят иштирок намуданд. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳи шуҷатмандони ватан, ки дар набардҳои шадид ҷонбозиҳо намудаанд, дар лаҳзаи мутантан ба пояи ёдгории шаҳидони ин ҷанг гулчанбар гузошта, хотираи неки фарзандони диёр, ки баҳри озод намудани инсоният аз фашизми гитлерӣ қурбон гаштаанд, пос доштанд. Хотиррасон бояд кард, ки алъон дар вилояти Суғд 240 иштирокчии ҷанг, аз он 23 нафар дар шаҳри Хуҷанд умр ба сар мебаранд, ки ҳамаи онҳо дар арафаи таҷлили ҷашни мазкур бо кумакпулиҳои Президенти кишвар ва мақомоти вилоятиву шаҳрию ноҳиявӣ бархурдор гаштаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






