Пушаймонии Ф.Шарипов аз иштирок дар ҷанги Сурия
Душанбе, 07.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Имрӯз, 7 май дар маҷмааи «Кохи Ҷомӣ»-и пойтахт бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ вохӯрии ҷавонону донишҷӯён ва намояндагони ВАО бо ҷавоне, ки аз Сурия баргаштааст, баргузор шуд.
Ин ҷавон Шарипов Фаррух Ғайратҷоновичи 25 сола, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд буда, ба ҷамъомадагон доир ба чӣ гуна ба доми гурӯҳҳои ифротгаро афтодан ва ба воситаи шаҳри Маскав ба Туркия ва аз он ҷо ба Сурия рафтанаш муфассал нақл намуд.
Бино ба гуфтаи Фаррух вай оиладор, соҳиби як фарзанд буда, аз тариқи шабакаи интернет бо як духтари миллаташ қафқоз шинос шуда, оқибат ба доми гурӯҳҳои ифротгаро афтидааст.
Фаррух Шарипов оид ба давлати Туркия ва аз он ҷо чӣ гуна ба давлати Сурия рафтан, бе шиноснома мондан, тайёрии шариатӣ ва ҷангӣ гирифтанаш ва оқибат аз мақсаду мароми нопоки гурӯҳҳои террористию ифротӣ огоҳ шуда, роҳи фирор ҷустанаш муфассал қисса намуд.
Ӯ ба ҷавонон ҳикоят кард, ки барои ба Тоҷикистон баргаштанаш мушкилиҳои зиёдеро аз сар гузарондааст.
Фаррух Шарифов зимни суханронӣ зикр кард, ки баъд аз дидани воқеаҳо ва ноадолатиҳо дар Сурия, шоҳид шудан ба сарбуриҳо ва бераҳмиҳои беасоси афроди гурӯҳи «Давлати Исломӣ», дидани он ки занони ҷиҳодиёни тоҷик хариду фурӯш ва фарзандонаш дар ба дар мешуданд ҷаҳду талоши зиёд кард, то аз ин варта наҷот ёбад.Ӯ иброз дошт, ки бисёриҳо мехоҳанд, аз он ҷо гурезанд, вале аз тарси ҷон касе ошкоро дар ин бора суҳбат намекунад.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода Ҳамро зикр намуд, ки мақомоти Тоҷикистон ба Фаррух кумак кард, то ба ватан баргардад. Вай гуфт, ки Шарифов мавриди афв қарор ёфта, ба зиндагии осоишта баргаштааст ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амнияти ӯро таъмин хоҳанд кард.
Хотиррасон мекунем, ки Фаррух Шарифов панҷум тоҷикистониест, ки ихтиёрӣ аз Сурия ба ватан баргашт ва ин нахустин вохӯриест, ки ВКД бо иштироки ин нафар, ки ихтиёрӣ аз ҷанги Сурия баргаштааст ва ҷавонону намояндагони ВАО барпо намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






