“Рӯзи дарҳои кушод” дар доираи 30 рӯзи ҷавонӣ
Истаравшан, 26.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар доираи “30 рӯзи ҷавонӣ” силсилаи чорабиниҳои адабӣ-фарҳангӣ ва варзишӣ ҷараён дорад. Тавре ки ба АМИТ Ховар мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Истаравшан Фозил Бобоев иттилоъ дод, дар шаҳри Истаравшан чорабинии “Рӯзи дарҳои кушод” гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур, ки дар қисми низомии 2857 доир гардид, ҷавонони синни тодаъватӣ ва духтаракони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр иштирок намуданд.
Иштирокдорон зимни боздид аз қисми низомии мазкур бо будубоши сарбозон шиносо шуда, ҳамчунин аз ҷои хоб, ошхона ва яроқҳои ҳарбӣ дидан намуданд.
Дар қисми низомии номбурда дар ҳамдастӣ бо комиссариати ҳарбии шаҳр мусобиқаи омехтаи варзишӣ байни қисмҳои низомии 2857 ва қисми ҳарбии 04533 Вазорати мудофиаи ҶТ аз рӯи намудҳои футболи хурд, турниккашӣ ва ба қисмҳо ҷудо намудани автомат ташкил шуда, ба ғолибон ва як гурӯҳ афсарону сарбозон бахшида ба Рӯзи ҷавонон туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳо супорида шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






