Рӯзи дави миллӣ муайян гардид
Душанбе, 08.05. 2015. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Имсол дар Тоҷикистон Рӯзи дави миллӣ, ки ҳамасола дар ҳошияи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар саросари кишвар роҳандозӣ мешавад, 17 май баргузор мешавад.
Дар ин чорабинии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе иштирокдорони дав мусобиқаро аз маҳаллаи «Чорбоғ» — и ноҳияи Варзоб оғоз намуда, онро дар «Наврӯзгоҳ» — и пойтахт анҷом медиҳанд.
Иштироккунандагони дави миллӣ аз рӯи анъана масофаҳои 3,5 ва 10 километрро тай мекунанд. Дар дави миллӣ намояндагони ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ аз роҳбарони вилояту ноҳияҳо то кӯдакони хурдсол иштирок намуда, ғолибони он бо мукофотҳо қадрдонӣ мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки дави миллӣ бо дастури Президенти Тоҷикистон сар аз соли 2007 ҳамасола моҳи май дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






