Рақибони эҳтимолии “Истиқлол” дар 1/4 финали Ҷоми АФК
Душанбе, 29.05.2015. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).-Бозиҳои ҳаштякниҳоии Ҷоми АФК-2015 рақибони эҳтимолии “Истиқлол”-и Тоҷикистонро дар даври чорякниҳоӣ муайян карданд.Аз рӯи натоиҷи бозиҳои ҳаштякниҳоии Ҷоми АФК (Конфедератсияи футболи Осиё)-2015, ки рӯзҳои 26-27 май баргузор шуданд, ширкаткунандагони даври чорякниҳоӣ ва рақибони эҳтимолии дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон маълум шуданд.
Ёдовар мешавем дастаи «Истиқлол», ки дар даври ҳаштякниҳоӣ дар майдони худ дастаи “Ал-Ваҳда”-и Сурияро аз рӯи силсилаи пеналтӣ шикаст дод, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Рақиби “Истиқлол” дар чорякфинал аз рӯи қуръакашӣ, ки 18 июн дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар пойтахти Малайзия — Куала-Лумпур — доир мешавад, муайян хоҳад шуд.
Бояд зикр кард, ки рақибони эҳтимолии дастаи «Истиқлол» дар чорякфинали Ҷоми АФК метавонанд дастаҳои «Саут Чайна» ё «Китчӣ»-и Ҳонконг, «Ал-Қодсия» ё КВ «Кувайт»-и Кувайт, «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия ё «Ал-Ҷайш»-и Сурия шаванд.
Хотиррасон менамоем, ки бозиҳои аввали чорякниҳоии Ҷоми АФК рӯзҳои 25-26 август, бозиҳои ҷавобӣ 15-16 сентябр баргузор мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






