Раёсат ба Тоҷикистон вогузор шуд
Душанбе, 14.05.2015.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Дар шаҳри Кошони Эрон ҷаласаи 19-уми Шӯрои намояндагони доимии давлатҳои узви Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) /ЭКО/ баргузор гардид, ки дар он раёсати ин ҷаласа ба таври расмӣ ба Тоҷикистон вогузор шуд.
Неъматулло Эмомзода — Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва намояндаи Тоҷикистон дар СҲИ ва Муассисаи фарҳангии ЭКО барои 2 соли оянда раиси ин Шӯро хоҳад буд.
Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси фарҳангӣ дар ЭКО мегӯяд, ки Муассисаи фарҳангии ЭКО ниҳоди байналмилалист ва ҳадафаш густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, илмӣ ва ҳунарӣ миёни кишварҳои узви ин созмон аст. Қароргоҳи ЭКО дар Теҳрон воқеъ буда, Афғонистон, Эрон, Покистон ва Тоҷикистон узви аслии Муассисаи фарҳангии ЭКО -анд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






