Рушди сохтори нақлиёт дар фазои СҲШ
Душанбе, 15.05.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Имрӯз, 15 май, вазирони нақлиёти давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Уфа масоили лоиҳаҳои нави муштарак дар бахши сохтори нақлиётӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаи «Чин — Аврупои Ғарбӣ» — ро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ вазири нақлиёти кишвар Шералӣ Ганҷалзода намояндагӣ мекунад.
Вазирон дар ҷараёни машварат роҳҳои рушди ҳамкорӣ дар бахши нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавоӣ, рӯи кор овардани сохтори нави нақлиётӣ ва лоиҳаҳои нав, ташаккули низоми умумии нақлиётии СҲШ — ро баррасӣ мекунанд. Муҳокимаи татбиқи роҳравҳои нақлиётии «Чин — Аврупои Ғарбӣ» яке аз масъалаҳои муҳокимашаванда маҳсуб меёбад.
Қобили зикр аст, ки 17 ҳайати миллӣ бо роҳбарии вазирони давлатҳои узви СҲШ аз Чин, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ҳамчунин нозирони СҲШ ва мушорикони муколамаи СҲШ аз Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Эрон, Муғулистон, Беларус, Туркия ва Шри — Ланка ба шаҳри Уфа омадаанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






