С.Тағойзода бо М.Таршаҳонӣ вохӯрд
Душанбе, 20.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода 19 майи соли 2015 бо Сафири фавқулода ва мухтори Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Абдулло Таршаҳонӣ вохӯрд.
Абдулло Таршаҳонӣ миннатдории хешро ҷиҳати фароҳам овардани мулоқот баён дошта, дар бораи омўзиши таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа ва баргашти муҳоҷирон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.
Дар навбати худ Тағойзода Сумангул Саид ба омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз сафар ба хориҷи кишвар ва дар бораи бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва якдигарфаҳмӣ сурат гирифт.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






