Саҳмдорони Роғун» дар Душанбе ҷамъ меоянд

Май 4, 2015 11:39

       Душанбе, 04.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-22 май дар шаҳри Душанбе маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи /ҶСК/ «Неругоҳи барқи обии Роғун» баргузор мегардад. Дар ин хусус Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар иттилоъ медиҳад.
          Интизор меравад, ки дар маҷлиси солонаи саҳмдорони НБО «Роғун»  ҳисоботи солонаи ҶСК НБО «Роғун» дар соли 2014,  инчунин хулосаи аудитори ҶСК НБО «Роғун» барои солҳои 2013-2014, ҳисоботи Комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявии ҶСК НБО «Роғун» дар соли 2014, инчунин интихоби аъзои Шӯрои нозирони НБО «Роғун», интихоби аъзои Комиссияи тафтишотӣ ва аъзои Комиссияи баҳисобгирии НБО «Роғун» матраҳ гардад. Ҳамзамон аудити ҶСК НБО «Роғун» дар соли 2015 тасдиқ хоҳад шуд.
     Бояд тазаккур дод, ки НБО «Роғун» дар 110 километрии шарқи Душанбе  бо иқтидори лоиҳавии 13,1 миллиард кВт соат дар як сол бунёд мешавад ва яке аз иншоотҳои азим ва барои иқтисоди Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мегардад.
 
 
 
 

Май 4, 2015 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд