Сабабҳои фавти Ш.Қурбонов муайян карда мешавад
Душанбе, 21.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 18 май дар сохтмони яке аз биноҳои серошёнаи шаҳри Бузулуки вилояти Оренбург ҷасади марди 52 сола, шаҳрванди Тоҷикистон пайдо гардид. Ба гуфтаи корманди намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират, марҳум сокини деҳаи Шӯроби ноҳияи Ҳисор Қурбонов Шаҳобиддин Тошмуродович будааст. Назар ба иттилои сухангӯи намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов, марҳум сохтмончӣ буда, бригадааш иборат аз 20 нафар муҳоҷирони меҳнатии асосан сокинони ноҳияҳои Ҳисор ва Рӯдакӣ буда, дар ширкати сохтмонии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Уралстройсервис» кор мекардааст. Алҳол шуъбаи байниноҳиявии раёсати тафтишоти шаҳри Бузулук барои муайян кардани сабабҳои ин воқеа чора мебинад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






