Сафари кории Р.Раҳимзода ба Турсунзода
Душанбе, 04.05.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Чанде пеш вазири корҳои дохилии ҶТ Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагӣ ба қисми ҳарбии 6592 Раёсати кӯшунҳои дохилии ВКД, воқеъ дар шаҳри Турсунзода сафари корӣ анҷом дод.
Назар ба иттилои ВКД Тоҷикистон, вазири корҳои дохилӣ сараввал бо ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ вохурда, бо шароити хидмати онҳо шинос шуд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар ҷараёни сафараш бо собиқадорон ва соҳибкорони кишвар дар маросими кабудизор намудани ҳудуди қисми ҳарбӣ иштирок намуд.
Вазир барои беҳдошти шароити хидмат, таъмири хобгоҳҳо, майдончаҳои варзишӣ ва иншоотҳои дигар дастурҳои мушаххас дод.
Қобили зикр аст, ки алҳол дар қисми ҳарбии 6592 Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ чорабиниҳои зарурӣ барои беҳдошти шароити хидмати ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ идома доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






