Сафари М.Ҷабборӣ ба вилояти Хатлон
Душанбе, 19.05.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз сафари муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ ба вилояти Хатлон аз боздиди ноҳияи Шаҳритус оғоз ёфта, мавсуф аз мактаби бачагонаи варзишии ноҳия боздид намуд. Муовини Сарвазир зимни вохӯрӣ бо тарбиягирандагони мактаб зикр намуд, ки ба шарофати сиёсати ба инсондӯстонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ ба рушди варзиш, хусусан ба рушди варзиши байни ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.М.Ҷабборӣ ҳамчунин изҳор дошт, ки дар ноҳияи Шаҳритус барои рушди варзиш ҳамаи шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Биноан дастпарварони мактаб бояд ба варзиш машғул шуда, ҳамзамон таҳсилро идома диҳанд, зеро ояндаи кишвар вобаста ба ҷавонон аст. Роҳбарияти ноҳия ва мураббиҳои бахши варзиш итминон доданд, ки ба дастовардҳои нав дар бахши варзиш ноил хоҳанд шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






