Сафари паҳлавонони тоҷик ба Қазоқистон
Душанбе, 7.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, дирӯз 6-уми май дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии гӯштини самбо ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Таимбет Комекбоев, ки рӯзҳои 8-ум ва 9 майи соли равон дар вилояти Қизилурда баргузор мешавад, ба Қазоқистон сафар карданд
Гуфта мешавад, ки дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ ширкати варзишгарон аз 25 кишвар дар назар аст. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 6 гӯштингир — Акмалиддин Каримов, Бобоҷон Зоиров, Бахтовар Каримов (ҳар се дар вазни 57 кг), Хушқадам Хисравов (62 кг), Саидмуъмин Шомаҳмадов (100 кг) ва Салимбек Салимбеков (+100 кг) — дохиланд.
Пас аз анҷоми мусобиқаи самбо сабқати гӯштини миллии қазоқии «курес” дар вазни мутлақ барпо мегардад. Ғолиби ин сабқат бо мошини сабукрави «Toyota Prado” сарфароз мешавад. Инчунин паҳлавононе, ки ҷойҳои дувуму севумро мегиранд, бо мошинҳои сабукрав мукофотонида хоҳанд шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






