Сарфарозии «Сомон Эйр» бо мукофоти бонуфуз

Май 12, 2015 15:11

Душанбе, 12.05.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Ширкати Boeing 12 май комёбиҳои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-ро дар рушди авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуда, намояндагони ширкати Boeing имрўз барои дастовардҳои техникӣ («HighTechnicalOn-TimePerformance») ба Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Евхенио Хайме Манзано мукофот супориданд.
«Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо чунин дастоварди таърихӣ ифтихор мекунад. Ин тасдиқи  пешво будани ширкат дар минтақа аст. 
Бино ба иттилои котиби матбуотии ширкат Тимур Бандишоев, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 440 рӯз парвозҳоро бетаъхир иҷро намудааст ва ин далели хизматрасонии баландсифати техники њавопаймоҳои ширкат буда, тасдиқи он мебошад, ки ин ширкати бехатар мебошад. 
«Ширкати мо  аввалин ширкати ҳавопаймоие мебошад, ки ин мукофотро аз ширкати Боинг қабул мекунад ва барои ба даст овардани стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи бехатарии парвозҳо минбаъд низ кўшиш ба харљхоњемдод», — гуфт Э.Х. Манзано.  Мукофоти»High Technical On-Time Performance»ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои омодагии саривақтии техники ҳавопаймоҳо ҷиҳати иҷрои парвоз супорида мешавад. 
Феълан ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Русия ва Казоқистон бомуваффақият амалӣ мекунад. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дорои ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва 900 мебошад.
 

Май 12, 2015 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!