Савганди наваскарон дар қисми ҳарбии Гвардияи миллӣ
Хуҷанд, 13.05.2015. (АМИТ Ховар, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар маркази таълимии қисми ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Чкалов чорабинии савгандёдкунии гурӯҳи аввалин сарбозони навдаъватшуда доир гашт. Дар чорабинии мазкур волидайни навдаъватшудагон ва роҳбарону масъулини ниҳодҳои давлатӣ иштирок доштанд. Пас аз садо додани Суруди миллӣ 63 нафар ҷавон дар назди Байрақи ҷангии ин қисми ҳарбӣ дар вазъи тантанавӣ савганди ҳарбиро қабул намуданд.Роҳбарияти қисми ҳарбии мазкур, меҳмонон ва иштирокдорон дар чорабинӣ сарбозонро табрик гуфта, ба онҳо барои иҷрои рисолати пурмасъул дар самти оромиву суботи ҷомеа бурдбориву комгорӣ таманно намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






