Семинар: «Нашъамандӣ ва оқибатҳои фоҷиабори он»
Душанбе, 7. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбӣ-техникии сохтмонӣ»-и шаҳри Хуҷанд семинари омӯзишӣ доир ба шарҳи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» баргузор гардид.
Дар он намояндаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд оид ба мақсад ва дурнамои стратегияи мазкур ва роҳҳои татбиқи самарабахши он, инчунин нисбат ба масоили мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон бо созмонҳои ҷаҳониву минтақавӣ дар самти мазкур, вазъи умумии нашъамандӣ дар минтақа ва паҳлӯҳои тиббиву иҷтимоӣ ва ҷиноии нашъамандӣ ҳарф зада, иҷрои талаботи ин ҳуҷҷати муҳими давлатиро вазифаи бечунучарои сохторҳои марбутаи давлатӣ ва аъзои ҷомеа унвон кард.
Аз ҷониби иштирокчиён саҳнача ва баромадҳои ҷолиби диққат гузошта шуд. Ҳамчунин аз ҷониби кормандони шуъбаи гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Зарафшони Раёсати Агентӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 25, 37 ва 40-и шаҳри Панҷакент дар мавзӯъҳои «Нашъамандӣ ва оқибатҳои фоҷиабори он» ва «Пешгирии ҷавонону наврасон аз пайвастан ба созмонҳои экстремистиву террористӣ» вохӯриҳои пешгирикунанда ва фаҳмондадиҳӣ баргузор шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






