Семинар оид ба таъсири омилҳои муҳоҷирати меҳнатӣ
Кӯлоб, 6.05.2015.(АМИТ «Ховар», Фарҳоди Мадамин).-Дар маҷлисгоҳи мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки намояндагони ҳокимияти давлатӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати шаҳр, аҳли ҷамоат, рӯзноманигорон, ташкилотҳои байналмилалии муҳоҷират семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба занон ва кӯдакон, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо» барпо гардид.
Мутобиқи иттилои мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати шаҳри Кӯлоб Саида Нурляминова, мақсади семинар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ, тақлидкорӣ ба маданият ва фарҳанги либоспӯшии бегона, ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои номатлуб дар ҷомеа буд. Ҷунин чорабиниҳо дар тамоми ҷамоатҳои ноҳияи Кӯлоб гузаронида мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






