Семинари кормандони АНМН
Душанбе, 05.05.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- 4 май дар шаҳри Душанбе семинари серӯза дар мавзӯи «Такмили ҳуқуқ ба фаъолияти эҷодии АНМН (Агентии назорати маводи нашъаовар)» барои омӯзиши таҷрибаи пешқадам ба манзури такмили фаъолияти эҷодӣ ба кораш шурӯъ кард. Дар кори семинар 20 нафар кормандони дастгоҳи марказии АНМН ва сохторҳои вилоятии он ширкат доранд.
Назар ба иттилои АНМН ҶТ, семинар мутобиқи дурнамои гурӯҳи байналмилалии кор бо дастгирии дафтари Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар ҳошияи лоиҳаи «Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон» рӯи кор оварда, мутахассисони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ ва Вазорати адлияи ҶТ ба он даъват шудаанд.
Назар ба гуфтаи манбаъ, кормандони Агентӣ мафҳуму принсипҳои асосии ҳуқуқ ба фаъолияти эҷодӣ, тамоюлҳои такмили қонунгузорӣ, усулҳои таҳия ва тарҳрезии санадҳои меъёрию ҳуқуқиро меомӯзанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






