Шаҳрдорӣ ба «Роғун» экскурсия ташкил мекунад
Душанбе, 19.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Шаҳдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки экскурсияи сокинони пойтахт, кормандони муассисаву корхонаҳо, зиёиён ва ҷавонони ташаббускору эҷодкорро ба Неругоҳи обию барқии «Роғун» ташкил намояд. Дар иртибот ба ин раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулллоев қарори марбута ба имзо расонд, ки тибқи он нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ ҷиҳати ташкили экскурсия ба НБО «Роғун» тасдиқ шуд. Ин тадбир бо мақсади иҷрои супориши протоколии Ҳукумати кишвар, амалисозии ҳадафҳои созандагӣ, ифтихори ватандорӣ, тақвияти корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва шиносоии масъулину кормандони сохторҳои мухталифи пойтахт бо ҷараёни сохтмони ин иншооти бузурги аср роҳандозӣ мегардад. Дар асоси нақшаи тарҳрезишуда аз моҳи май то сентябри соли равон экскурсияи кормандони идораю корхонаҳои гуногуни пойтахт ба ин иншоот бо инобати ташкили чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву маърифатӣ, варзишӣ ба хотири истироҳату фароғати сохтмончиёни иншооти бузург роҳандозӣ мешавад.Ҳамин тариқ, дар зарфи беш аз чор моҳ раисони шаҳраку маҳаллаҳо ва фаъолони чор ноҳияи пойтахт, кормандони дастгоҳи раиси шаҳр, Раёсатҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, ҷавонони ташаббускору эҷодкор, варзишгарону мураббиёни соҳаи варзиши пойтахт, шуъбаи фарҳанг, ҳунармандон, шоирону нависандагон, муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатӣ, ки муассисашон шаҳрдорист, ба НБО «Роғун» сафар карда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти сарнавиштсоз шинос гардида, бо сохтмончиён суҳбату мулоқот анҷом медиҳанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






