Шаҳрвандони андармоншудаи ҶТ ба Ватан баргаштанд
Душанбе, 15.05.2015. (АМИТ «Ховар»).- Хадамоти консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Русия ва консулгарии фахрии ҶТ дар Краснодар чор нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро тавассути роҳрави муваққатии посбонгоҳи сарҳадии Матвеев — Кургани Русия ва Успенкаи Украина ба маҳалли таъйиншуда бурданд.
Бино ба иттилои сафорати ҶТ дар ФР, шаҳрвандони мазкур бо сабаби манъи воридшавӣ ба ҳудуди Федератсияи Русия имконияти гузаштан аз сарҳадро надоштанд.
Сардори Хадамоти консулгарии Сафорати ҶТ дар ФР Ашраф Гулов изҳор дошт, ки бо ёрии сохторҳои дахлдори Русия чор нафар шаҳрвандони кишвари мо Абдуалимов Фирдавс, Холов Абдулазиз, Холназаров Азизшоҳ ва Отахӯҷаев Қаҳрамон тавассути ҳавопаймо аз шаҳри Ростови лаби Дон ба шаҳри Хуҷанд рафтанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






