Шиносоии сафир бо фаъолияти МОИ «Суғд»
Душанбе, 14.05.2015. (АМИТ «Ховар»).- 13 май сафири Исроил дар Тоҷикистон Кармела Шамир бо муовини якуми роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии (МОИ) «Суғд» Ӯктам Норматов мулоқот анҷом дод.
Назар ба иттилои МОИ «Суғд», мақсад аз ташрифи дипломати Исроил роҳандозии ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Исроил буд.
Ҷонибҳо самтҳои фаъолиятеро муҳокима намуданд, ки иштироки сармоягузорони Исроил ва мусоидати ин кишвар ба онҳо имконпазир аст. Зикр шуд, ки сафари тоҷирони Тоҷикистон ба Исроил барои шиносоӣ бо вазъи сармоягузорӣ, табодули таҷриба ва ҷустуҷӯи роҳҳои барқарор намудани равобит барои ҳамкории дуҷониба метавонанд яке аз василаҳои густариши ҳамкорӣ гарданд.
Кармела Шамир аҳамияти тарбияи мутахассисони варзидаро, ки имрӯз бисёр кишварҳои тараққиёбанда кифоят накардани онҳоро ҳис мекунанд, ба таври махсус зикр намуд. Барномаҳои махсуси байналмилалӣ, ки онҳоро раёсати ҳамкории байналмилалии ВКХ Исроил дар амал татбиқ менамояд, доираи васеи чорабиниҳои муфидро фаро мегиранд.
Қобили зикр аст, ки сафири Исроил дар Тоҷикистон ҳамчунин бо раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ вохӯрда, аз шаҳри нави Сайҳун, корхонаи муштараки абрешими «ВТ- силк» — и Тоҷикистону Ветнам ва ҷойҳои шоёни диққати шаҳр боздид намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






