Ширкати Э.Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои иштирокдори ИДМ

Май 8, 2015 19:29

Душанбе, 08.05.2015. (АМИТ «Ховар»). — Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои бахшида ба 70-солагии Ғалаба бар фашизм вориди шаҳри Маскави Федератсияи Русия шуд.Худи ҳамин рӯз дар қасри Кремл мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.Барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмӣ сарони давлатҳои Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон ба ҳам омаданд.Дар мулоқот масоили вобаста ба таҷлили шоиста аз пирӯзии бузург бар фашизми гитлерӣ дар кишварҳои иттиҳод ва арҷгузорӣ ба қаҳрамонию фидокориҳои мардумони ин қаламрав дар майдонҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.Президенти Тоҷикистон пирӯзӣ бар фашизми гитлериро дастоварди таърихии мардумони ҳамаи кишварҳои мо ва чаҳорчӯби ИДМ-ро аз беҳтарин майдонҳои муколама миёни кишварҳои иштирокдори ин иттиҳод номида, изҳори бовар кард, ки ин созмон оянда ҳам идомабахши арзандаи анъанаҳои накуи кумаку дастгирии байниҳамдигарӣ хоҳад буд.Сарвари давлати Тоҷикистон пагоҳ дар майдони Сурхи шаҳри Маскав ҳамроҳи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои қариб 30 кишвари ҷаҳон ҷараёни Паради ҳарбии бахшида ба солгарди 70-ум аз Ғалабаи бузург бар фашизми гитлериро мушоҳида хоҳад кард.

Май 8, 2015 19:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд