Ширкати Тоҷикистон дар ҷаласаи раванди Истанбул оид ба Афғонистон
Душанбе, 29.05.2015 (АМИТ «Ховар»).- 25 майи соли 2015 дар шаҳри Исломобод ҷаласаи шахсони мансабдорони аршади давлатҳои аъзои раванди Истанбул оид ба Афғонистон «Қалби Осиё» баргузор шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов намояндагӣ намуд.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои мубрами рушди раванди ҷараёни Истанбул, вазъи амният дар Афғонистон ва дар минтақа, ҳамчунин лоиҳаҳои афзалиятнок дар рушди робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои CASA-1000, долони иқтисодии Чину Покистон, сохтмони роҳҳои мошинӣ ва роҳи оҳан, инчунин лоиҳаи ТАПИ баррасӣ гардиданд.
Диққати муҳим дар ҷаласаи мазкур ба масъалаи рӯзномаи Конфронси қарибулвуқӯи вазирони корҳои хориҷии раванди Истанбул оид ба Афғонистон «Қалби Осиё», масъалаҳои афзоиши ифротгароӣ ва терроризм дар қаламрави Афғонистон ҳамчун омили амният дар минтақа равона гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






