Соҳибкорӣ миёни бонувони тоҷик рушд меёбад

Май 8, 2015 15:48

 
Душанбе,08.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар Душанбе  ҷаласаи якуми Гурӯҳи корӣ оид ба рушди соҳибкории занон доир гардид. Нигина Анварӣ -муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, ки ҳамзамон роҳбарии ин гурӯҳро ба уҳда дорад, гуфт, гурӯҳи корӣ ҷиҳати  татбиқи банди 30-и Нақшаи чорабиниҳои марҳилаи дуюми «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» ва боби сеюми «Стратегияи миллии фаъолигардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» таъсис шудааст. 
          Нигина Анварӣ зикр кард, ки ҳадафи асосии таъсиси Гурӯҳи корӣ,  рушди соҳибкорӣ миёни бонувони кишвар тавассути таҳкими механизмҳои ҳамкорӣ байни давлату бахши хусусӣ ва таъмини муколамаи озоди мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти рушди соҳибкории занон дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
      Дар ҷаласа аъзои Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ, аз ҷумла,  занони соҳибкори кишвар иштирок  намуданд. Ҷавоҳир Акобирова -мудири шуъбаи гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба бахши сеюми «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», ки ба дастгирии рушди фаъолияти соҳибкории занон нигаронида шудааст, инчунин оид ба корҳои анҷомдодаи Кумитаи кор бо занони кишвар дар ин самт маълумот ироа намуд. 
       Ҳамзамон доир ба  самтҳои фаъолияти Гурӯҳи корӣ, мушкилоти рушди соҳибкории занон ва ҳалли онҳо аз сӯи намояндагони бахши хусусию шарикони рушд ибрози назар шуд.  Бояд тазаккур дод, ки  фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба рушди соҳибкории занон аз ҷониби Бонки Аврупоии  Таҷдид ва Рушд ва дигар шарикони рушд дастгирӣ меёбад. 
 

Май 8, 2015 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!