Сокинони шаҳри Чкалов-зидди терроризм
Душанбе, 29.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Ба наздикӣ дар меҳмонхонаи “Сипеҳр”-и шаҳри Чкалов тибқи нақшаи муштарак оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон, муҳоҷирон ва занон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва тундгарои ба терроризмбаранда дар ҳамбастагӣ бо Дафтари САҲА барномаи иттилоотонӣ дар мавзӯи “Волидон -зидди террор” баргузор гардид.
Сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маърифат Шокирова перомуни оқибатҳои нохуши шомилшавии ҷавонону занон ва бахусус, муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва иштирок дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи хориҷи кишвар сухан гуфт.
Иштирокдорони чорабинӣ перомуни вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ, дуруст маънидод намудани моҳияти масъала ба ҷавонони ноогоҳ, ба роҳ мондани тарбияи дурусти фарзандон ва дар ин самт ҷоннок намудани робитаи волидайн бо муассисаҳои таълимӣ баёни андеша намуда, барои рафъи мушкилоти мавҷуда таклифу пешниҳодҳояшонро манзур сохтанд.
Боиси зикр аст, ки дар семинар сармутахассиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зумрад Гулова, ёвари барнома, корманди Дафтари Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо Дилноза Мансурова иштирок доштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






