Спартакиадаи донишҷӯён: Рақобати дастаҳо барои ҷои аввал
Душанбе, 07.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Марҳилаи ниҳоии Спартакиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз рӯи 10 намуди варзиш идома дорад.
Тибқи ҷадвали баргузории Спартакиада дастаҳо аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш байни ҳам рақобат дошта, то имрӯз аз рӯи намуди варзиши сабук, гӯштини самбо ва гӯштини дзюдо рақобатҳо ҷамъбаст гардиданд. Ҳамин тавр дар маҳилаи ниҳоии Спартакиада аз рӯи намуди варзиши сабук дастҳо соҳиби чунин медалҳо гардиданд:
Душанбе-1: 23 медали тилло, 12 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд, Душанбе-2 3 медали тилло, 5 нуқра ва 11 биринҷӣ. Ҳамчунин варзишгарони Хатлон 3 медали тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ва Суғд 3 медали тилло, 11 нуқра ва 8 биринҷӣ.
Аз рӯи намуди гуштини самбо дастаҳо ба чунин натиҷаҳо ноил гардиданд: Душанбе-1: 5 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ; Душанбе-2: 1 медали тилло, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ; Хатлон-: 2 медали тилло, 4 нуқра ва 3 биринҷӣ; Суғд: 1 нуқра ва 5 биринҷӣ; ВМКБ: 1 медали тилло. Натиҷаи медалҳои бадастовардаи дастаҳо аз рӯи намуди гӯштини дзюдо ба таври зайл аст: Душанбе-1: 2 медали тилло ва 5 нуқра; Душанбе-2: 2 медали тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ; Хатлон: 1 медали тилло ва 2 биринҷӣ; Суғд: 1 медали тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ; ВМКБ: 1 медали тилло ва 4 биринҷӣ.
Ёдрас мешавем, ки дар марҳилаи ниҳоии Спартакиада 619 нафар варзишгари ғолиб аз 5 минтақа аз рўи 10 намуди варзиш байни ҳам рақобат намуда, 24 мактаби олии 5 минтақаи ҷумҳуриро намояндагӣ менамоянд.
Бин ба иттилои Наврӯз Қурбонов,мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Спартакиадаи мазкур то 23 май давом ёфта, маросими пӯшидашавӣ ва ҷоизасупорӣ ба ғолибон дар Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола 23 май ҷашн гирифта мешавад, доир мегардад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






