Суғд: Қадрдонии собиқадорони ақибгоҳ бо нишонҳо
Хуҷанд, 08.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд вобаста ба таҷлили 70-солагии иди Ғалаба чорабиниҳои мухталиф доир гардида истодаанд. Дирӯз чунин чорабинии хотирмон дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир гашт.
Тавре ки масъулин аз Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷамоати мазкур иттилоъ доданд, зимни баргузории чорабинии тантанавӣ бахшида ба 70- солагии Ғалаба, ки бо иштироки аҳли ҷамоат, собиқадорони меҳнат, оилаҳои иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ҷанговарони интернатсионалист, толибилмону омӯзгорони мактаб ва раисони кумитаи маҳаллаҳо баргузор гашт, 11 нафар собиқадор аз ҷамоати мазкур, ки дар давраи солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ақибгоҳ хизмат намудаанд, бо Фармони вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «70-солагии Ғалаба» дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






