Суғд: Қоматафрозии муҷассамаи Неъмат Қаробоев
Хуҷанд, 12.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар рӯзҳои ҷашни 70-солагии Ғалаба дар вилояти Суғд баҳри арҷгузорӣ ба корнамоиҳои абармарди набардҳои Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ, аввалин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Неъмат Қарабоев дар зодгоҳаш муҷассамаи ёдбуд қомат афрохт.
Тавре ки масъулин аз Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд иттилоъ доданд, Неъмат Қарабоев зодаи деҳаи Шаҳидқароянтоқи шаҳри Конибодом буда, ӯ аввалин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон дар набардҳои Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд соли 1966 Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №16-и деҳааш ба номи ин қаҳрамон гузошта шуд, вале ҳайкали худи Неъмат Қарабоев танҳо соли ҷорӣ дар арафаи таҷлили 70 — солагии Иди Ғалаба дар саҳни ин мактаб гузошта шуд.
Ба гуфти манбаъ, Неъмат Қарабоев аввалин тоҷикест, ки бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯъравӣ сарфароз гардидааст. Ӯ моҳи марти соли 1940 барои корнамоиҳои шоён дар ҷанги фину шӯравӣ ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гардида, баъдан пас аз анҷоми ҷанги мазкур дар омӯзишгоҳи тирандозии шаҳри Сухуми таҳсил намуда, аз рӯзҳои аввали оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба фронт равона шуда, моҳи январи соли 1943 ҳангоми убури дарёи Дон ҳалок шудааст.
Ба муносибати қомат афрохтани муҷассамаи ёдбуди Неъмат Қарабоев дар мактаби №16-и зодгоҳаш бо иштироки масъулини мақомоти шаҳри Конибодом бо роҳбарии раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ, собиқадорни ҷангу меҳнат, хонандагони мактаб, наздикону пайвандони қаҳрамони деҳа чорабинии тантанавӣ доир гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






