Суғд: Бархурдории 100 донишҷӯ аз идрорпулӣ
Хуҷанд, 05.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар вилояти Суғд вобаста ба қарори раиси вилоят 100 донишҷӯ аз идрорпулии раиси вилоят бархурдор хоҳад шуд. Тавре ки сомонаи расмии раиси вилоят иттилоъ медиҳад, мақсад аз таъсиси идрорпулиҳо- ин пеш аз ҳама ҳавасмандкунӣ ва дар ин замина дастгирии моддиву маънавии донишҷӯёну аспирантони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ мебошад.
Тибқи қарори мазкур, дар соли хониши 2014-2015 сад адад идрорпулӣ муқаррар мешавад. Аз он 64 идрорпулӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, 18 идрорпулӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи касбӣ ва 18 идрорпулӣ барои аспирантон мебошад. Миқдори идрорпулиҳо барои донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ 80 сомонӣ ва барои аспирантон 100 сомониро ташкил мекунад. Идрорпулиҳо ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин аспирантон ҳар моҳ, аз моҳи сентябри соли 2014 то июни 2015 супорида мешавад.
Барои дарёфти идрорпулӣ озмун гузаронида мешавад ва дар он донишҷӯёни курсҳои 2, 3 ва 4, ки аз фанҳои таълимӣ 75% баҳои аъло гирифта, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд, метавонанд иштирок намоянд. Ҳамчунин аспирантоне, ки таҳқиқоти илмии онҳо дар конфронсҳои илмӣ ба комёбиҳо ноил гаштаанд, дар конфронсҳои байналмилалӣ иштирок намуда, маводи онҳо нашр гардидааст, муаалифи ягон кашфиёт, ихтироъ, мақолаҳои илмӣ, дастурҳои методӣ мебошанд, иштирок карда метавонанд.
Дар озмун сатҳи дониши сиёсӣ, ҳуқуқӣ, тахассусӣ, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ, натиҷаи корҳои илмию эҷодӣ ва дониши забонҳои хориҷии довталабон санҷида мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






