Суғд: иҷрои барзиёди нақшаи кишти ғалладона
Хуҷанд, 19.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Имрўзҳо, дар майдонҳои саҳроии кишвар кишти баҳорӣ бо маром идома дорад. Тавре ки сармутахассиси Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Абдуазиз Маҳмудов иттилоъ дод, то 15 май дар миқёси вилоят дар масоҳати 153715 га кишти баҳорӣ гузаронида шуд, ки дар ин самт кишоварзони ноҳияҳои Ашту Мастчоҳ ва Конибодому Зафаробод пешсафанд. Пахтакорони вилоят ягонакунии пахтаро дар як рўз ба миқдори 1175 га ва аз аввали мавсим дар майдони 5174 га ба иҷро расонида, барои ҳарчӣ зудтар ягонакунии киштзори боқимонда кўшиш доранд.
Дар ин раванд корҳои саҳроӣ дар заминҳои кишти ғалладона низ босуръат вусъат меёбанд. Мувофиқи дурнамо, ғаллакорони вилоят дар ин самт ба ҷои дар майдони 63063 га гузаронидани кишти ғалладона онро дар майдони 67729 га ба сомон расониданд, ки ба 107,4% баробар аст. Дар ин самт фаъолияти кишоварзони навоҳии Ашт, Бобоҷон Fафуров, Зафаробод, Конибодом, Спитамен, Fончӣ, Панҷакент, Шаҳристон ва Ҷаббор Расулов назаррас аст.
Ҳамчунин корҳои сабзавоткорӣ низ идома дошта, то имрўз дар миқёси вилоят дар майдони 6581 га сабзавот кишт шудааст, ки он ба 106,2 % баробар аст. Кишти картошка аз ҷониби кишоварзони вилоят дар майдони 5428 га анҷом дода шудааст, ки он 64,5% -и нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин самт деҳқонони ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен, Исфара, Зафаробод, Бобоҷон Fафуров, Ашт ва Айнӣ пешсаф буда, деҳқонон азм доранд кишти картошкаро, ки ба ҳавои минтақаҳо вобаста аст, то нимаи аввали моҳи июн давом дода, нақшаро пурра иҷро намоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






