Суғд: Ифтитоҳи маркази адрасбофӣ
Душанбе, 26.05.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Бо мақсади иҷрои дастуру супориши раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ оид ба ташкили марказҳои омӯзишӣ ва истеҳсоли қолинҳои дастӣ ва Қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор бахшида ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасбофӣ ва атласбофӣ ба кори худ оғоз кард.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар марказ дар баробари сехи атласбофӣ ва адрасбофӣ, ҳамчунин сехи гилембофӣ, дӯзандагӣ ва сӯзанидӯзӣ таъсис шуда, 30 нафар зани хонашин бо кори доимӣ таъмин шуд. Дар марказ 6 дастгоҳи адрасу атласбофӣ, 6 дастгоҳи дӯзандагӣ, 2 дастгоҳи гилембофӣ гузошта шудааст. Гузашта аз ин бозомӯзии ҳунарҳои миллӣ аз ҷониби мутахассисони баландихтисос ба довталабон дар назар аст, ки ба роҳ монда шавад. Дар ин самт бо ҳамкорӣ ва дастгирии Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷамоат тасмим гирифтааст, ки курсҳои кутоҳмуддати омӯзиши ҳунарҳои мардумиро ба роҳ монад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






