Суғд: “Зумрад” соҳиби ҷоизаи “Qualitu Summit” гашт
Хуҷанд. 27.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Иштирокчии 29-умин “Конвенсияи байналмилалӣ оид ба сифат дар соли 2015” — Осоишгоҳи “Зумрад”-и шаҳри Исфара соҳиби ҷоизаи байналмиллалии тиллоии “Qualitu Summit” гаштааст.
Маросими ҷоизасупорӣ дар шаҳри Ню-Йорк-и ИМА, ки дар он намояндагони 72 ширкати ҷаҳонӣ иштирок доштанд, доир гашта, Осоишгоҳи “Зумрад” дар номгӯи “Барои сатҳу сифати олии хизматрасонӣ” ҷои пешсафро касб намуда, ҷоизаи мазкурро мушарраф гаштааст.
Дар ин бора зимни ифтитоҳи бинои меҳмонхонаи тозабунёд бо номи «Соҳилоро», ки дар шафати осоишгоҳи “Зумрад”, ки аз ҷониби як соҳибкори маҳаллӣ бунёд шудааст, директори генералии осоишгоҳи «Зумрад» Зафар Олимов хабар дод.. Мутобиқ ба маълумоти З.Олимов, меҳмонхонаи «Соҳилоро» аз 10 ҳуҷра иборат буда, барои истифодаи 20 нафар меҳмону истироҳаткунандаи осоишгоҳ пешбинӣ шудааст.
Бояд хотиррасон кард, ки қаблан низ дар замони шӯравӣ осоишгоҳи «Зумрад» аз осоишгоҳҳои намунавӣ ва дорои шӯҳрати хосса ба ҳисоб рафта, он чандин маротиба ғолиби озмунҳо байни осоишгоҳҳои умумииттифоқӣ гаштааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






