Суханҳои ҳикматомӯзи Сарвари Давлат дар бораи забон
Душанбе, 19.05.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- 18 майи соли 2015 аз тариқи Бунёди забон китоби нав дар ҳаҷми 116 саҳифа таҳти унвони «Суханҳои ҳикматомӯзи Президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забон» нашр гардид.
Китоб бо нақшу нигори рангаи миллӣ оро ёфта, дар он гулчине аз суханҳои ҳикматомӯз, роҳнамоиҳои хирадмандона ва фармудаҳои дилсӯзонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи омӯхтан, гиромӣ доштан, ҳифзу ҳиросат намудани забони тоҷикӣ ва афзудан ба қудрату тавоноии он фароҳам оварда шудааст.
Итминони он аст, ки ин суханҳои ҳикматомӯз, афкору андешаҳои пурмағз ва нуктаҳои воло ба тамоми тоҷикистониён-барои имрӯзу оянда-ҳамчун дастури раҳнамо хидмат хоҳанд кард.
Китоб барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Мураттиб ва муаллифи пешгуфтори ин китоб мушовири калони бахши ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сайидзода мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






