Супориши Президент иҷро мешавад
Файзобод, 05.05.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).- Бо супориши Президенти мамлакат имрӯзҳо барои сокинони деҳаи Яккабеди ҷамоати деҳоти Меҳробод аз мавзеи Дараи токо, ки зиёда аз 8 километр масофа дорад, кашидани хатти нави оби нӯшокӣ идома дорад. Барои сохтмони он беш аз як миллион сомонӣ сарф мегардад, ки он аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати мамлакат ҷудо гардидааст.
Дар айни ҳол дар иҷрои корҳои сохтмонӣ хизматчиёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии ҷумҳурӣ ва сокинони ноҳия иштирок доранд. Бояд хотиррасон шуд, ки хати пешини оби нӯшокии дехаи мазкур бар асари фаромадани ярч рӯзи 3 апрел канда шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






