Т.И.Соомро: «Суботи кишвар дастоварди бузурги халқи тоҷик аст»
Душанбе, 06.05.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода ).- Мулоқоти вазири корҳои дохилии ҶТ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири навтаъйини фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Соомро баргузор гардид.
Назар ба иттилои ВКД ҶТ, Тариқ Иқбол Соомро зимни мулоқот зикр намуд, ки сулҳу суботи ҷумҳурӣ дастоварди бузурги халқи тоҷик аст, ки он боиси рушду шукуфоии кишвараш гардида, дар он хидмати Вазорати корҳои дохилӣ бузург аст.
Зимни мулоқот масоили рушди муносибатҳои дуҷониба дар бахши табодули иттилоот ва мубориза бо ҷинояткории трансмиллӣ, терроризм, ифротталабӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуданд.
Зикр шуд, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкории миёни мақомоти корҳои дохилии ҳар ду кишвар рушду густариш меёбад. Соли 2004 байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон Созишномаи ҳамкорӣ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои фалаҷкунандаи асаб ба имзо расид.
Ҳамзамон лоиҳаи Созишномаи байни ҳукуматҳои ҳар ду кишвар дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ, ки дар марҳалаи баррасӣ қарор дорад, мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҷонибҳо аз таҳкими ҳамкории дуҷониба баъди имзои созишномаи мазкур изҳори қаноатмандӣ карда, иброз доштанд, ки бояд саъю кӯшишҳои муштарак дар мубориза бо терроризм ва ҷинояткории муташаккилона вусъат дода шаванд.
Мулоқот дар фазои ҳамфикрию ризоият гузашт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






