Таҳкими инфрасохтори молиявӣ дар кишвар

Май 26, 2015 09:58

 
        Душанбе, 26.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Маблағгузорӣ ба манзури таъмини амволи манқули дороиҳои  ба дастовардашуда»-таҳти чунин унвон дар Душанбе бо ибтикори намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди татбиқи Лоиҳа оид ба таҳкими инфрасохтори  молиявӣ дар кишварҳои Озарбойҷон ва Осиёи Марказӣ /ACAFI/  бо иштироки иқтисоддонҳо ва коршиносони шинохтаи Бонки ҷаҳонӣ, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, Маркази омӯзиш ва рушди маблағгузории хурд дар Тоҷикистон, инчунин намояндагони васоити ахбори омма нишаст доир  гардид.  Зикр шуд, ки лоиҳаи мазкур ба рушди инфрасохтори молиявии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ нигаронида шудааст.
 Дар нишаст Савсан Қаҳҳорова -ҳамоҳангсози лоиҳаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди инфрасохтори молиявӣ,  Саймон Томпсон,  мутахассис оид ба маблағузории  гарави амволи манқул аз ҳисоби даромад (Окленд, Зеландияи Нав), Ариф Насибов, ҳамоҳангсози барномаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ оид ба рушди  инфрасохтори молиявӣ дар Ӯзбекистон ва Гулноз Иброҳимова -мудири Маркази омӯзишӣ ва рушди маблағгузории хурд дар Тоҷикистон доир ба аҳамияти татбиқи лоиҳаи мазкур, инчунин масоили марбут ба гарав гузоштани амволи манқул ҳангоми гирифтани қарз, инчунин баланд бардоштани савияи донишу малакаи соҳибкорону доираҳои тиҷоратӣ, мутахассисони бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарзӣ табодули назар карданд.Зикр шуд, ки гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар сохтани  дастрасии маблағгузорӣ  ба  соҳибкорон ва корхонаҳои хурди тиҷоратӣ, дар мавриди тақвияти иқтисодиёт кӯмак мерасонад. Дар доираи татбиқи лоиҳаи ACAFI  гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таҳкими инфрасохтори молиявӣ, инчунин таҳияи асосҳои ҳуқуқӣ  ва институтсионалӣ,  фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати маблағгузорӣ ба соҳибкорони хурду миёна ва корхонаҳо дар шакли ба гарав гузоштани  амволи манқул ва гирифтани  қарз аз бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарздиҳанда мусоидат менамояд.
Дар иртибот ба ин рӯзҳои 25 -27 майи соли равон дар Душанбе бо иштироки коршиносони шинохтаи  бахши молиявии Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Саймон Томпсон ва Ариф Насибов ба кормандону мутахассисон ва менеҷерони муассисаҳои бонкию молиявӣ, ташкилотҳои қарзӣ ва дигар доираҳои тиҷоратӣ дар масъалаи ба гарав гузоштани амволи манқул ҷиҳати гирифтани қарз ва дигар паҳлӯҳои масъалаи мазкур машварати омӯзишӣ мегузаронанд.
 
 
 

Май 26, 2015 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд