Таҳсили доварони бахши футбол
Душанбе, 18.05.2015. (АМИТ «Ховар»).- Аз 21 то 26 май дар маркази Академияи клуби футболи «Истиқлол», воқеъ дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳисор Ҷашнвораи футболи клуби мазкур барои дастаҳои мунтахаби наврасони (У-14) кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ баргузор мегардад.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар ин чорабинӣ ҳафт даста аз Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Шри — Ланка, Непал, Покистон ва Ҳиндустон иштирок намуда, бо ҳам вомехӯранд. Дар ҳошияи ҷашнвора курсҳои таҳсили доварони ҷавон доир мешаванд.
Шуъбаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон Насим Ҳамидов ва Вафо Қараевро намояндагони худ дар курсҳои таълимӣ таъйин кардааст. Ҳамзамон барои 14 нафар доварони ҷавони ҳафт кишвар бо роҳбарии мураббиҳои таҷрибадор Фарҳод Абдуллоев (Ӯзбекистон) ва Ҳусайн Гҳадҳанфер (Кувайт) машғулиятҳои назариявию амалӣ роҳандозӣ мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






