Таҷлили ҷашни Ғалаба дар Брюссел
Душанбе, 13.05.2015 (АМИТ «Ховар»).- 9 майи соли 2015 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Брюссел дар якҷоягӣ бо сафоратҳои кишварҳои Арманистон, Беларус, Булғористон, Ветнам, ИМА, Италия, Қазоқистон, Қирғизистон, Куба, Лаҳистон, Македония, Маҷористон, Малдова, Муғулистон, Озарбойҷон, Олмон, Русия, Сербия, Словакия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Фаронса, Чин ва Чехия дар маросими ёдбуди аскарони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва иштирокчиёни Ҳаракати Муқовимати Белгия, ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ баҳри озод намудани Шоҳигарии Белгия аз фашизм ҷоннисорӣ намудаанд, иштирок кард. Намояндагони баландпояи ин кишварҳо дар зери пайкараи аскарони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва иштирокчиёни Ҳаракати Муқовимати Белгия, ки дар қабристони коммунаи Эвери шаҳри Брюссел воқеъ аст, гулчанбарҳо гузоштанд.Қобили зикр аст, ки дар доираи ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба дар шаҳри Брюссел, дар таърихи 6 майи соли 2015 дар Маркази русии илм ва фарҳанг филми бадеии Тоҷикфилм аз соли 1978 таҳти унвони Зане аз роҳи дур ва аксҳои марбута ба намоиш гузошта шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






