Таҷлили иди Ғалаба дар Хадамоти муҳоҷират
Душанбе, 08.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Имрўз, 8 май дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ бахшида ба таҷлили 70-умин солгарди Иди Ғалаба маҷлиси ботантана баргузор шуд, ки дар он роҳбарият ва кормандони хадамот, инчунин собиқадори ҷанг Нуриллоҳ Раҳимов иштирок намуданд.
Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоир Каримов гуфт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон рўзи Ғалабаро дар радифи халқу миллатҳои дигар ҳамеша бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корнамоиҳои ҷангиву ҷоннисориҳои фарзандони худ ва гиромидошти хотираи неки сарбозону афсароне, ки аз ҷабҳаи набард барнагаштаанд, таҷлил мекунанд.
Сармутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзӣ Абдуллоҳи Қодирӣ зикр намуд, ки ғалаба бар фашизм бори дигар собит сохт, ки падарону бобоёни мо бо шуҷоату мардонагӣ, ватандўстиву матонат бар зидди зулму истибдод ва асорату бандагӣ муборизаи беамон бурда, барои таъмини ояндаи орому осоиштаи инсоният ҷоннисориҳо кардаанд.
Маҳз ба шарофату иттиҳоду ҳамбастагӣ, дўстиву рафоқат ва фидокориву заҳматҳои шабонарўзӣ дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ғалаба насиби халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ гардид.
Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз мудҳиштарин фоҷеаҳои башарият буд, ки дар он дар қатори дигар ҷумҳуриҳои собиқ шўравӣ Тоҷикистон низ бо маҳрумиятиву машаққатҳои зиёд рў ба рў гардид ва талафоти гарон дод.
Қариб 300 ҳазор фарзанди бонангу номус ва шарафманди Тоҷикистон ба ҷабҳа рафта, аз онҳо 100 ҳазор нафараш дар арсаи ҷанг қаҳрамонона шаҳид гашт.
Мо хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медорем ва ба некӣ ёд мекунем, зеро бо гузашти солҳо арзиши муборизаҳои абармардони ҷабҳаи ҷанг дар қалбҳои мо боз ҳам равшантар ва барои наслҳои ҷавон сабақи зиндагӣ мегардад».
Собиқадори ҷанг Нуриллоҳ Раҳимов як порае аз корнамоиҳояшро дар хоки Руминия нақл намуда, ҷавононро ба ҳисси ватандўстиву ватанпарварӣ, садоқат ба Ватан, ҳифзу марзу бум ва дастовардҳои фарзандони тоҷик даъват намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






