Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар ДМИТ

Май 25, 2015 15:28

Душанбе, 25.05.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-23 май дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид. Ноиби ректор оид ба таълим Илҳомуддин Иброҳимов нақш ва саҳми ҷавононро дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки дар айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 200 ҳазор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст ва давлату ҳукумат пайваста барои фароҳам овардани шароитҳои мусоид тадбирҳо меандешанд. 
Инчунин шоми 23 май дар назди «Шаршара»-и Наврӯзгоҳи пойтахт бахшида ба Рӯзи ҷавонон намоишгоҳ-ярмаркаи дастовардҳои муассисаҳои олии таълимӣ барпо гардид. Устодону кормандон ва донишҷӯёни донишкада бо омода намудани гӯшаи дастовардҳои илмиву методӣ ва таълимӣ иштироки фаъолона доштанд. 

Май 25, 2015 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш