Тайёрӣ ба машқҳои ҳарбию тактикӣ
Душанбе,14.05.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- 13 май вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз маркази таълимии «Мағов», воқеъ дар нохияи Ваҳдат боздид намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмонии маркази мазкур шинос шуд.Назар ба иттилои ВКД ҶТ, маркази мазкур барои роҳандозии машқҳои махсуси ҳарбию тактикӣ дар шароити кӯҳсор пешбинӣ шудааст. Алҳол дар ҳудуди марказ сохтмони бархе иншоотҳо, аз ҷумла биноҳои камуфляжӣ, клуб, ошхона ва майдончаҳои варзишӣ анҷом меёбад.Роҳбари ВКД ба шахсони масъул дастур дод, ки барои сари вақт ва хушсифат анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ чораҳои зарурӣ дида, ба гузаронидани машқҳои ҳарбию тактикӣ ҳамаҷониба омода бошанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






