Тангаҳои нави хотиравии БМТ
Душанбе, 04.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 600 — солагии Абдураҳмони Ҷомӣ- шоир, нависанда ва мутафаккири бузурги адабиёти классикии тоҷику форс, 700 — солагии Алӣ Ҳамадонӣ- шоир ва файласуфи форсу тоҷик, 20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, се адад танга ба ифтихори “90-солагии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе” бо тасвирҳои “Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ”, “Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар маҷмӯъ шаш намуд тангаи хотиравии арзишашон 500 сомониро, ки аз нуқраи холис сохта шудаанд, барои ҳадафҳои нумизматӣ баровард.
Тавре ки аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, тангаҳои хотиравӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо истифодаи технологияи навину таҷрибаи пешрафтаи ин соҳа ва бо риояи стандартҳои олии сикказании тангаҳои нумизматӣ дар Сиккахонаи Майер (Олмон) сикка зада шудаанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






