Тантанаҳои ҷавонӣ дар Боғи Ирам
Душанбе, 19.05.2015. («АМИТ Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳоро таҳти унвони «Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷкистон доир менамояд.
Дар робита ба ин 23-уми май соати 18-00 дар маҷмааи Амфитеатр ва деҳаи шарқии «Боғи Ирам» маросими ҷамъбасти Спартакиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ доир мешавад. Ҳамчунин тантанаҳои ҷавонӣ бо иштироки васеи ҷавонони гуногункасб ва ҳунармандони маҳбуби кишвар, аз ҷумла Нигина Амонқулова, Дамирбек Олимов, Баҳром Ғафурӣ, Шаҳроми Абубакр, Ситораи Кароматулло, Файзигул Юсуфӣ, гурӯҳи «Шамс», ҳаҷвнигор Ҳасани Чилла, театр-студияи ҳаҷвии «Шакарханд» доир мегарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






