Таъсиси ҷойҳои корӣ дар Суғд
Душанбе, 04.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Чкалов дар якҷоягӣ бо бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Чкалов дар боғи истироҳатии ба номи С.Айнӣ бо мақсади бо ҷои кори доимӣ таъмин намудан ва ба касбомӯзию ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандони бешуғл ва шаҳрвандони аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба ватан баргашта ярмаркаи ҷойҳои кориро баргузор намуд.
Дар ярмарка аз ҷониби 10 ташкилоту корхонаи шаҳри Чкалов зиёда аз 104 адад ҷойи кор ва вазифаҳои озод барои шаҳрвандони корҷӯ пешниҳод шуд, ки музди маоши моҳонаи вазифаҳои озод аз 250 то 650 сомонӣ мебошад.
Ғайр аз ин дар ярмаркаи мазкур намояндагони раёсату шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров, шаҳри Қайроққум, филиали Муассисаи давлатии маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Б. Ғафуров ва филиали КВД маркази касбомӯзии ш. Душанбе дар шаҳри Қайроққум иштирок намуданд.
Бино ба иттилои сухангӯи Хадамоти муҳоҷират Абдуллои Қодирӣ, аз тарафи раёсату шуъбаҳои Агентии ноҳияи Б.Ғафуров ва шаҳри Қайроққум барои шаҳрвандони бекор 697 адад ҷойи кор пешниҳод гардид.
Дар натиҷа 9 нафар муҳоҷири меҳнатӣ ба ватан баргашта, роҳхат ба ҷойи кор гирифт ва 8 нафар шаҳрванд (занони бекор) ба касбу ҳунаромӯзӣ дар марказҳои таълимӣ номнавис шуд.
Инчунин аз ҷониби бахши Хадамоти муҳоҷират зиёда аз 150 адад варақаи иттилотӣ оид ба навовариҳо дар қонунгузорӣ ва тартиби гирифтани иҷозат барои кор ва патент дар Федератсияи Русия ба шаҳрвандоне, ки хоҳиши ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан доранд, дастраст шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






