Таъсиси филиали «Самрау» дар ДМИТ
Душанбе, 29.05.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-28 май ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода бо ректори Академияи хизмати давлатӣ ва идораи назди Президенти Ҷумҳурии Бошқирдистон Сергей Лаврентев, муовини ректор оид ба илми Академияи мазкур Юрий Дорожкин ва директори иҷроияи Маркази Авруосиёӣ «Самрау» Константин Сафронов мулоқот намуд. Тавре ки аз ДМИТ иттилоъ доданд, ректор роҷеъ ба фаъолияти таълимиву тарбиявӣ, илмӣ ва равобити хориҷии донишкада, сохтор ва ихтисосҳои амалкунанда маълумоти муфассал дод.
Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд.
Сергей Лаврентев иброз дошт, ки онҳо ният доранд бо ДМИТ ҳамкории густурдаро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба роҳ монанд.
Баъдан созишномаи дуҷониба оид ба ҳамкорӣ дар самти таълимӣ, илмию тадқиқотӣ ва ташкили филиали «Самрау» дар ДМИТ ба имзо расид.
Меҳмонон аз ҷараёни машғулиятҳо, маркази тестӣ ва толори варзишию синфхонаҳои лингафонӣ дидан намуда, дар толори лексионии бинои дуюм бо доираи васеи устодон ва донишҷӯён мулоқоти судманд анҷом доданд. Онҳо миннатдории хешро ба роҳбарияти донишкада баён карда, аз шароити таҳсил ва синфхонаву лабораторияҳои бо технологияҳои нави замонавӣ муҷаҳҳаз изҳори қаноатмандӣ намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






