Телевизиони Кӯлоб 23 сола шуд
Кӯлоб, 16.05.2015.(АМИТ «Ховар», Фарҳоди Мадамин).-Дар телевизиони Кӯлоб бахшида ба 23-юмин солгарди таъсиси телевизион таҳти унвони «Саҳми телевизиони Кӯлоб дар тарбияи ватандўстӣ, сиёсӣ, маънавӣ, фарҳангии ҷомеа» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар конфронс намояндагони мақомоти иҷроияи шаҳри Кӯлоб, олимону адибон иштирок намуданд. Дар конфронс директори телевизиони Кӯлоб Сафаралӣ Бозорзода зикр кард, ки ин телевизион 23 сол қабл: 14 майи соли 1992 ташкил шуд. Дар рўзҳои таъсиси телевизион вазъи сиёсии ҷомеа бисёр ҳассос буд, лек ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, кормандони телевизион баҳри дуруст инъикос намудани вазъият саҳми худро гузоштанд. Телевизион дар вазъияти имрӯза даргоҳи тарбия намудани журналистони ҷавон мебошад.Дар анҷоми конфронс як гурӯҳ собиқадорон, кормандони фаъол бо ифтихорнома ва нишони сарисинагии 23-солагии телевизиони Кӯлоб сарфароз гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






