Тоҷикистон «Сабқати Ғалаба» — ро ба Ӯзбекистон супурд

Май 12, 2015 13:01

Душанбе, 12.05.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас  Темурзода).-  12  май  дар  гузаргоҳи назоратии «Фотеҳобод» — и  ноҳияи  Мастчоҳи  вилояти  Суғд  маросими  аз  ҷониби  сарҳадбонони Тоҷикистон  ба сарҳадчиёни  Ӯзбекистон  супурдани  «Сабқати  Ғалаба»  баргузор гардид. 
Ба  гуфтаи  сардори  маркази  матбуоти  Сарраёсати  кӯшунҳои  сарҳадии Кумитаи  давлатии  амнияти  миллии  ҶТ  Муҳаммад  Улуғхоҷаев,  полковники  қӯшунҳои  сарҳадии  Тоҷикистон  Фирӯз  Абдураззоқов  «Сабқати Ғалаба» — ро ба  полковники  қӯшунҳои  сарҳадии  Ӯзбекистон  Дмитрий  Гордеев супурд. 
Ёдовар  мешавем, ки  7  май  Қирғизистон «Сабқати  Ғалаба» — ро  ба  Тоҷикистон супурда,  ба ифтихори он  дар  Мурғоб,  Хоруғ,  Дарвоз,  Хуҷанд, ҳамчунин  дар Боғи  «Ғалаба» — и  пойтахт  иқдоми  оммавии ҳарбию ватандӯстӣ  рӯи  кор оварда шуд. 
 

Май 12, 2015 13:01

Хабарҳои дигари ин бахш