«Тозагии соҳил-2015»- иқдоми ободкорона
Душанбе, 26.05.2015.(АМИТ «Ховар», Назири Назир).-Бо мақсади пешгирии ифлосшавии соҳилҳои дарёю каналҳо ва ҷалби бештари шаҳрвандон дар тоза намудани соҳилҳо дар шаҳри Ваҳдат иқдоми «Тозагии соҳил-2015» баргузор гардид, ки дар он кормандони ташкилоту корхона, муассисаҳои таълимӣ, шаҳрвандон ва сокинони ҷамоатҳои деҳот, дар маҷмўъ зиёда аз 450 шаҳрванд фаъолона иштирок намуданд.
Мавзеи гузаронидани иқдом ҳудуди шаҳри Ваҳдат- ҷамоатҳои деҳоти Гулбоғ, Баҳор, Симиганҷ ва Чўянгарон буд. Барои кашонидани партовҳо 3 адад мошини боркаш ва борбардор аз ҳисоби Муассисаи манзилию коммуналӣ, Идораи хоҷагии об, КВД ва хоҷагиҳои деҳқонӣ сафарбар шуд. Ҳудуди 5 километр соҳили манбаъҳои обӣ тоза шуда, ҳаҷми партовҳои баровардашуда 25 метри мукаабро ташкил намуд.
Иқдоми «Тозагии соҳил-2015» ҳамчунин дар ноҳияи Файзобод баргузор гардид.
Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Файзобод зимни иҷрои нақшаҳои корӣ дар 9 ҷамоати ноҳия бо ҷалби кормандони ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва кормандони хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия зиёда аз 890 нафар ба ҳашар баромада, 49м3 партовҳоро аз соҳили ҷўйбору дарёҳо ҷамъоварӣ намуда, ба партовгоҳ бароварданд, ки дар натиҷа ба миқдори 1043 м дарёву каналҳо аз партовҳо тоза шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






