ВКД маблағи силоҳҳои ҷамъмеовардаашро ҷуброн менамояд
Душанбе, 21.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он 319 таппонча, туфангчаҳо ва патронҳои ҷароҳатрасон, ки ба таври қонунӣ дар ихтиёри шаҳрвандон аст, манъ шуда, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ /ВКД/-и ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ мегарданд. Рамазон Раҳимзода -вазири корҳои дохилии кишвар зимни тавзеҳи лоиҳаи қонуни мазкур гуфт, ки мақсади тағйирот ба қонун муайян намудани тартиби аз гардиш гирифтан ва ҷуброни маблағҳои силоҳи оташфишони бемили зарбаш маҳдуд, туфангчаҳо , тапончаҳо ва патронҳои ҷароҳатрасон, ки шаҳрвандон то манъ намудани гардиши он бо қонуни мазкур дар ихтиёри худ доранд, маҳсуб меёбад. Вазир афзуд, ки 26 июли соли 2014 ба моддаи 9-и қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ворид шуд, ки тибқи он гардиши силоҳҳои номбаршуда манъ шудааст. Дар айни замон 319 таппонча, туфангчаҳо ва патронҳои ҷароҳатрасон дар ихтиёри шаҳрвандон қарор дошта, истифодаи онҳо муваққатан манъ шудааст. Инчунин 16 адад тапончаи газӣ бо патронҳои ҷароҳатрасон аз шаҳрвандон мусодира шуд. Зикр гардид, ки дар лоиҳаи қонун қисми 3 моддаи 31 дар таҳрири нав таҳия шуда, қисми 4-и моддаи мазкур хориҷ шудааст, чунки дар қонуни мазкур тартиби аз гардиш гирифтани силоҳ ва лавозимоти ҷангиро ВКД муайян намуда, тартиби ҷуброни силоҳро Ҳукумати Тоҷикистон муайян менамояд. Рамазон Раҳимзода таъкид кард, ки бо мақсади поймол нагаштани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон баъди гирифтани силоҳҳои мазкур аз суратҳисоби махсуси вазорат марҳила ба марҳила маблағҳои силоҳои мусодирашударо Вазорати корҳои дохилӣ пардохт менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






