Вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ
Панҷакент, 13.05.2015. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).- Дар давоми соли ҷорӣ дар якҷоягӣ бо Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар маркази шаҳри Панҷакент ва 14 ҷамоат оид ба талаботи нави қонунгузории Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, гирифтани патент, тарзи пур кардани варақаҳои муҳоҷиратӣ, супоридани имтиҳон (тест) аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русия, касбомўзӣ ва дигар самтҳои муҳоҷират 3 вохўрӣ гузаронида шуд. Дар ин бора мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент Ашраф Ғафуров иттилоъ дод.Ба гуфтаи мусоҳиб дар вахўриҳо зиёда аз 490 нафар сокини ноҳия иштирок намуда, рўйхати муҳоҷирони манъкардашуда ба Федератсияи Русия бо мақсади бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо.тартиб дода шуд. Феълан гузаронидани чунин вохўриҳо дар моҳҳои оянда низ дар назар аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






